ABNA24 : Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар бисёре аз шаҳрҳои Ироқ тасовири бузурге аз сардори сипаҳбуд шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва шаҳид Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис, муовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, маҳаллаҳо ва сар дари хонаҳо насб шудааст.
Ҳамчунин дар устонҳои мухталифи Ироқ маросими ёдбуд ва бузургдошти шаҳидон сардори сипаҳбуди Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис дар ҳоли баргузорист.
Чанд рӯзи пеш низ порлумони Ироқ маросими бузургдоштеро дар ёбуди хотираи ин шаҳидони бузурги муқовимат баргузор ва аз мақоми онон таҷлил кард.
- Бузургдошт нахустин солгарди шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш дар порлумони Ироқ+ Филм
Сардори сипаҳбуд Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ва Абу Маҳдӣ Ал Муҳандис аз чеҳраҳои барҷастаи мубориза бо гурӯҳҳои такфирӣ ва террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ва теъдоде аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа (сеюми январи 2020) дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизу ва террористи амрикоӣ дар наздикии фурӯдгоҳи Бағдод, пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.
Сардор Сулаймонӣ ба даъвати давлати Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд.
Бар асоси эъломи вазорати ҷанги Амрико, дастури ин ҳамлаи ҳавоиро Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар содир карда буд.
Бисёре аз кишварҳо, созмонҳо ва гурӯҳҳо ин иқдоми террористии Амрикоро маҳкӯм кардаанд.
342/